Такмили тайёр намудани кадрҳо барои системаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
Душанбе, 6 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 май дар Душанбе конфронси байналмилалии илмию назариявии ректорӣ дар мавзӯи «Ташаккули механизмҳои таъсирбахш ҷиҳати таъмини амнияти глобалӣ дар шароити таҳдидҳои муосир ва татбиқи онҳо бо назардошти риояи ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад. Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, дар конфронси мазкур намояндагон аз Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти вохӯриҳо ва ҳамкориҳои байналмилалии Хазинаи Ҳанс Зайдел (Германия), ректорони муассисаҳои таҳсилотии махсусгардонидашудаи системаи милитсия/политсияи мамлакатҳои Аврупо ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, намояндагони Авруосиё ва ИДМ, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, намояндагони ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва доираи академӣ иштирок менамоянд.Дар конфроня мубодила ва музокираи афкор сурат гирифта, маърӯзачиён дар мавзуъҳои такмили тайёр намудани кадрҳо барои системаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шароитҳои таҳдидҳои муосир ва мушкилоти таъмини амнияти минтақавӣ дар қарини трансформатсияи системаи амнияти глобалии байналмилалӣ сухан хоҳанд гуфт.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






