Талош барои ба даст овардани зинаҳои ифтихорӣ

Май 10, 2013 11:49

Душанбе, 10 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ) .- Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ рўзҳои 14-15 майи соли равон дар шаҳри Душанбе чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастхобониро миёни варзишгарони маъюб доир менамояд. Дар назар аст дар чорабинии мазкур варзишгарон аз вилояти Суғду Хатлон, ВМКБ, минтакаи Кўлоб, шаҳри Душанбе, шаҳру навоҳии тобеи марказ ва водии Рашт ширкат намоянд.Ҳамчунин рўзҳои 18-19 майи соли равон дар Маҷмааи варзишии Хадамоти алоқа чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таэкван-до ИТФ миёни ҷавонон ва калонсолон доир мегардад. Дар назар аст, дар мусобиқаи мазкур дастаҳои вилояти Суғд, Душанбе 1, Душанбе 2, Хатлон 1 (минтакаи Қурғонтеппа), Хатлон 2 (минтакаи Кўлоб), ВМКБ, шаҳру навоҳии тобеи марказ ва минтакаи Рашт барои ба даст овардани зинаҳои ифтихорӣ талош хоҳанд кард.

Май 10, 2013 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад