Таъмини мардум бо ҷойҳои нави кор

Май 2, 2013 11:27

Душанбе, 2 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Чанде пеш дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сеюми Шӯрои ҷамъиятии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Тавре ки аз дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни ҷаласа вазъи ҳозираи муҳоҷирати меҳнатӣ, тадрису омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ, масоили механизми миллии ирсоли муҳоҷирони меҳнатӣ ва ғайра муҳокима шуданд.Зикр шуд, ки ҳар сол аз Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 600 — 700 ҳазор нафар муҳоҷирони меҳнатӣ барои иҷрои корҳои муваққатӣ ба хориҷа мераванд.Афзоиши ҳарсолаи нуфуси Ҷумҳурии Тоҷикистон 2,0 ва 2,1 фоизро ташкил дода, бинобар ин бозори дохилии меҳнат ҳар сол асосан аз ҷумлаи ҷавонон баробари 150 – 180 ҳазор нафар пурра мегардад. Хотирнишон месозем, ки ҷамоаҳо ва марказу иттиҳодияҳои фарҳангии тоҷикон дар бисёр кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла, дар Русия фаъолият доранд.Иштирокдорони ҷаласа аз рӯи натиҷаи Шӯрои ҷамъиятӣ пешниҳод намуданд, ки Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти Шӯрои ҷамъиятӣ дохил намуда ва дар ҷаласаҳои оянда ҳисоботу пешниҳодоти онҳо шунида шаванд.

Май 2, 2013 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд