Тарғиби Паёми Президент дар Бадахшон

Май 4, 2013 11:25

Хоруғ, 4 май. (АМИТ «Ховар»). — Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ ҷиҳати ба мардум фаҳмонидани Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуруҳи корӣ таъсис дод. Ба ҳайати гуруҳи корӣ коршиносони молия, иқтисод, маориф, тандурустӣ шомиланд. Ҳафтаи баъдӣ гуруҳи корӣ ба ноҳияҳои вилоят ба сафар баромада, фаъолияти худро оғоз мекунанд ва аз натиҷаи фаъолият гузориши муфассал ба унвони раиси вилоят пешниҳод мешавад.

Май 4, 2013 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш