Ташреҳи Паёми Президент ба донишҷӯёни ДДОТ
Душанбе, 7 май. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Дирӯз вакили Парлумон Марҳабо Ҷабборова дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ бо доираи васеи устодону толибилмон мулоқот намуд. Бино ба иттилои котиби матбуотии донишгоҳ Бахтиёри Абдураҳим ҳадаф аз вохӯрӣ тавзеҳу ташреҳи нуктаҳои муҳими Паёми Президенти мамлакат ба парлумон арзёбӣ шуд.Ректори донишгоҳ Абдуҷаббор Раҳмонов перомуни ҷанбаҳои мухталифи Паём изҳори андеша кард. Мавсуф соҳаи маорифро афзалиятнок хонда, гуфт, ки дар Паёми навбатӣ низ ба соҳаи маориф таваҷчуҳи махсус зоҳир шудааст. Ғамхорию дастгирии Президенти ҷумҳурӣ нисбат ба аҳли маориф пайваста эҳсос мегардад ва ин мо, омӯзгоронро водор менамояд, то дар фаъолияти худ масъулияти бештареро бар зимма гирем. Тавре ки вакили Парлумон Марҳабо Ҷабборова изҳор дошт, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон доимо ба соҳаи маориф диққати махсус медиҳад. То андозаи 30 фоиз баланд бардоштани музди меҳнат гувоҳи ин гуфтаҳост. Ҳамзамон афзудани миқдори стипендияи донишҷӯён низ далолат аз он медиҳад, ки Сардори давлат баҳри донишманду соҳибкасб ва мутахассиси сатҳи ҷаҳонӣ гардидани ҷавонон пайваста ҷаҳду талош менамояд. Ин ғамхориҳо аз донишҷӯён-ҷавонон тақозо мекунад, ки дар ҷавоб ҳисси нангу номуси ватандориро бедор карда, баҳри амалӣ шудани иқдоми наҷибонаи Ҳукумати кишвар саҳмгузор бошанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






