Ташрифи муовини вазири корҳои хориҷии Туркия ба Душанбе
Душанбе,3 май. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат)-Шоми дирӯз,2-юми майи соли равон муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Фотеҳ Ҷейлан бо сафари расимӣ ба Душанбе омад.Тавре ки дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар доданд, дар назар аст имрӯз, 3-юми май Фотеҳ Ҷейлан бо вазири корҳои хориҷии кишвар Ҳамрохон Зарифӣ мулоқот намояд.Гуфта мешавад, ки рӯзномаи баҳси ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия дар соҳаи сиёсату иқтисод ва ҳамкориҳои байналмилалию минтақавии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор мегиранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






