Татбиқи нуктаҳои муҳими Паёми Президент
Душанбе, 8 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ) .- Дар сиёсати давлат рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, масъалаҳои такмили низоми пардохти маош, таъмини нафақа, дастгирии иҷтимоии табақаҳои камбизоати аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва умуман беҳтар кардани сатҳу сифати зисту зиндагии мардум мавқеи аввалиндараҷа мебозад. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олӣ ба ҳалли мушкилоти соҳаи иҷтимоӣ эътибори ҷиддӣ дода, барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии шаҳрвандон тадбирҳои мушаххас меандешанд. Нафақа ва кӯмакпулиҳои шаҳрвандон ба қадри имкон ҳар сол меафзояд. Дар Паёми имсолаи худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Тоҷикистон супориш дод, ки аз 1–уми сентябри соли ҷорӣ ҳамаи намудҳои нафақа ба андозаи 20 % зиёд карда шавад. Ин тадбир далели ғамхорию дастгирии ҳамаҷонибаи ҳукумати мамлакат нисбат ба табақаи эҳтиёҷманди аҳолӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатист. Зикр намудан бамаврид аст, ки дар солҳои охир мо шоҳиди чандин маротиба баландшавии нафақа гардидем. Тибқи таҳлилҳои оморӣ агар андозаи миёнаи нафақа солҳои 2003-ум 13,07 сомонӣ бошад, пас имрӯз андозаи миёнаи он ба 180,1 сомонӣ расидааст, ки дар муддати 10 соли охир 13,8 маротиба афзудааст. Имрӯзҳо дар тамоми сохторҳои зертобеи Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба татбиқи нуктаҳои дар Паёми Президент дарҷшуда корҳои фаҳмондадиҳӣ идома доранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






