Тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президент

Май 20, 2013 08:30

Хоруғ, 20 май. (АМИТ «Ховар», Ҷ. Улфатшоев).-Як гуруҳи кории мақомоти иҷроияи маҳалллии ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳайати сардори раёсати кишоварзии вилоят Н. Назриев, доктори илмҳои филология, профессор, муовини ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ Н. Офаридаев, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Бадахшон» Н. Хайруллоев дар деҳаҳои дурдасти ноҳияи Рӯшон – Шипад, Деҳ ва Вазнавд бо мардум вохӯриҳо гузарониданд. Зимни вохӯриҳо нуктаҳои асосии Паёми имсолаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуданд.

Май 20, 2013 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш