Тоҷикистон тасҳеҳот ба Созишнома оид ба таъсиси БАТР-ро тасдиқ кард
Душанбе, 15 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон имрӯз тасҳеҳот ба Созишнома оид ба таъсиси Бонки аврупоии таҷдид ва рушд /БАТР/-ро тасдиқ карданд. Абдуҷаббор Ширинов-раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни тавзеҳи санади мазкур гуфт, ки мутобиқи муқаррароти бонк пас аз гирифтани розигии расмии кишварҳои аъзо ба моддаҳои 1 ва 18-уми Созишномаи таъсиси БАТР тасҳеҳот ворид мешавад. Ворид намудани тасҳеҳот мутобиқи моддаи 56-уми Созишномаи таъсиси БАТР сурат мегирад. Бо ворид гардидани тасҳеҳот ба моддаи 1-уми Созишнома, БАТР имкон пайдо менамояд, ки фаъолияти худро дар кишварҳои ҷанубу шарқи баҳри Миёназамин густариш диҳад. Ворид намудани тасҳеҳот ба моддаи 18-уми Созишнома, ба бонк имконият медиҳад, ки амалиёти махсуси молиявиро дар кишварҳои аъзои бонк , ки гирандагони эҳтимолии маблағҳо нестанду бо қарори Шӯрои мудирон ба ин кишварҳо мақоми гирандагони эҳтимолии маблағҳо дода шудааст, дар доираи муҳлат ва шартҳои муайяннамудаи Шӯрои мудирон иҷро намояд. Абдуҷаббор Ширинов афзуд, ки сари вақт иҷро гардидани уҳдадориҳои дар назди БАТР дошта, барои Тоҷикистон дар баланд бардоштани обрӯю эътибор ва ҷалби маблағҳои бонки мазкур ба лоиҳаҳои мухталифи бахши соҳибкории хурду миёна, ки бевосита дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ мусоидат менамояд, таъсири мусбат хоҳад расонд. Тоҷикистон бо БАТР аз соли 1992 инҷониб ҳамкории судманд дорад. БАТР ҳамчун созмони молиявии байналмилалӣ 29 кишвари ҷаҳонро маблағгузорӣ менамояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






