Вазорати маориф дар озмун барои бурсияи Аврупо ғолиб омад

Май 16, 2013 12:01

Душанбе, 16 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ) .- Вазорати маорифи Тоҷикистон дар озмун барои ба даст овардани бурсия дар ҳаҷми 16,2 миллион доллар дар Аврупо ғолиб омадааст. Тавре ки аз Вазорати маорифи Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, вазорат барои як бурсияи Аврупо лоиҳае пешниҳод кардааст, ки маблағаш 16, 2 милилонро ташкил медиҳад.Тибқи иттилои мазкур миёни 8 давлати довталаб Тоҷикистон ғолиб омадааст. Аз ҷумлаи довталабон Ӯзбекистон, Қирғизистон, Малӣ ва дигарон буданд.Ҳамчунин таъкид гардид, ки як ҳайати кории Вазорати маориф рӯзҳои 19 -23 май ба Брюсел рафта, низоми маорифи Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад ва бо гранти ҷудошуда ба ватан бармегардад. Масъулини вазорат зикр карданд, ки маблағи 16,2 миллион доллар барои бунёди макотиб ва рафъи камбудиҳои соҳа равона хоҳад шуд.

Май 16, 2013 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш