Вохӯрӣ дар фурудгоҳи Душанбе
Душанбе, 30 май. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз бо ташаббуси Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори интизории Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе видео-ролики телевизионии Хадамот оид ба тағйиру иловаҳо дар қонунҳои Федератсияи Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ва буду боши онҳо дар хориҷӣ кишвар ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки азми сафари Русия доранд, намоиш дода шуд. Бояд ёдрас шуд, ки мутобиқи фармоиши сардори Хадамоти муҳоҷират аз 28 майи соли 2012 гурӯҳҳои корӣ аз кормандони дастгоҳи марказии Хадамот ташкил шудааст, ки онҳо дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ва дар вокзали роҳи оҳан вохӯриҳо ҷиҳати ҳолати будубош ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҷумҳурӣ доир намуда истодаанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират хабар доданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






