Вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон
Хоруғ, 4 май. (АМИТ «Ховар»). – Чанд рӯз аст, ки як гуруҳи кории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят қарор дорад. Гуруҳ аз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Фелалиев, М. Шаҳбозов, Б. Авзалшоева, Н. Ҷонов иборат аст. Аз рӯзи душанбе инҷониб аъзои гуруҳ бо намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳо дар ҷамоатҳои деҳот бо сокинон вохӯриҳо баргузор намуда, нуктаҳои асосии Паёми Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳу тавзеҳ медиҳанд. Охири ҳафта гуруҳ фаъолияти кориашро дар вилоят натиҷагирӣ мекунад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






