Ярмаркаи ҷойҳои корӣ дар Шӯрообод
Шӯрообод, 8 май. (АМИТ «Ховар», С. Холов).- Шуъбаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ноҳияи Шӯрообод ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод доир намуд, ки дар он 16 ташкилоту муассиса ширкат варзида, ба корҷӯён 275 ҷои кор ва вазифаи озодро пешниҳод намуданд. Ба гуфти сардори шуъба Умар Ризоев, ҷойҳои холӣ бештар ба сохтмони шоҳроҳи Кӯлоб- Қалъаихум дар минтақаҳои Шӯрообод-Шоҳон, соҳаи тандурустӣ ва маориф мансуб буда, дар натиҷа 17 нафар барои ҷои кор роҳхат гирифта, 13 нафар бо кори доимӣ таъмин гардиданд. Ба гуфтаи манбаъ дар се моҳи соли ҷорӣ аз тарафи шуъбаи мазкур 2 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуд, ки 54 нафар корҷӯй бо кори доимӣ таъмин гардиданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






