Ёдбуди синамогарони равоншод
Душанбе, 29 май. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).- Раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдодов гуфтааст, ки рӯзи 31-уми май синамогарони кишвар аз устодону ҳамкасбони фавтидаашон ёд мекунанд. Гуфта мешавад дар ин рӯз синамогарону ҳаводорони синамои тоҷик ба гӯристони «Лучоб» ва «Сари Осиё» рафта, оромгоҳи абармардони кинои тоҷикро зиёрат мекунанд. Ҳамчунин дар ин рӯз дар «Хонаи синамо»-и пойтахт филми ҳуҷҷатии « Мо дар ёд дорем» намоиш дода мешавад. Сафар Ҳақдодов афзудааст, ки ҳамчунин дар ин рӯз ба узвияти Иттифоқи синамогарон ҷавонони боистеъдоди соҳа қабул мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






