Юҷин Сепуй 6 моҳ ба майдон намебарояд
Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).- Дар бозии охирини даври ҳафтуми мусобиқаи қаҳрамонии Точикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ “Истиқлол”-и Душанбе «Парвоз»- Бобоҷон Ғафуровро рӯзи якшанбе, 19-уми май бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард. Бар пояи хабари ФФТ ин бозӣ дар варзишгоҳи «Фурудгоҳ» -и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор шуда, дар дақиқаи 4-ум легионери «Истиқлол» аз Уганда Юҷин Сепуй лат бардоштаву пас аз анҷоми бозӣ ба Маркази миллии тиббии Душанбе интиқол дода шуда, рӯзи сешанбе дар ҳамон марказ ҷарроҳиро паси сар мекунад ва гуфта мешавад, шаш моҳи дигар—то сиҳат шуданаш ба майдон намебарояд. Ҳамакнун дар ҷадвали мусобиқоти қаҳрамонии кишвар байни дастаҳои лигаи олӣ дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар ҷойи аввал қарор дошта, зинаҳои дуюму сеюмро “Равшан”-и Кӯлоб ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода мақоми дуюму сеюмро касб кардаанд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






