Ғалабаи гӯштигирони тоҷик дар Сеул
Душанбе, 3 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ) .- 1-2 июни соли равон дар пойтахти Кореяи Ҷанубӣ -шаҳри Сеул миёни наврасону ҷавонон ва мардону занон дар ду навъи гӯштӣ — самбои варзишӣ ва самбои размӣ мусобиқа баргузор шуд. Гӯштигирони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар риштаи самбои варзишӣ дар шаҳри Сеул дар сабқати бузургсолон 12 медал ба даст оварданд.Дар сабқат мардон 6 медал – 1 тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ ва занон 6 медал – 1 тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ гирифтанд. Дар сабқати мардон Акмалиддин Каримов дар вазни то 57 кг бо медали тилло мукофотонида шуд. Аъзамҷон Зайналобиддин дар вазни то 82 кг ва Фурқат Назриев дар вазни то 100 кг бо медалҳои нуқра, Акмал Мирзобоқӣ дар вазни то 52 кг, Деваштич Ҳабибов дар вазни то 68 кг ва Акрамҷон Содиров дар вазни то 74 кг бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.Дар сабқати занон Дилбархон Султонова дар вазни то 72 кг медали тилло ба даст овард. Ойзода Шалапова дар вазни то 48 кг ва Муҳаббат Нодирматова дар вазни то 64 кг медалҳои нуқра, Фирӯза Ашӯрова дар вазни то 56 кг, Зарина Одилова дар вазни то 68 кг ва Мадина Шамсиева дар вазни беш аз 80 кг соҳибони медалҳои биринҷӣ шуданд.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






