Ғолибияти нозирони навраси тоҷик дар Русия

Июнь 11, 2013 13:59

 Душанбе, 11 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Дирӯз дастаи «Нозирони навраси ҳаракати роҳ» аз литсейи №2-и хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе аз озмуни байналмилалӣ, ки дар Федератсияи Русия доир шуд, бо ғолибият ба Ватан баргашт. Аз ВКД ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки бахшида ба 40-солагии таъсисёбии дастаҳои «Нозирони навраси ҳаракати роҳ» миёни дастаҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил озмун ҷараён гирифт. Дастаи «Нозирони навраси ҳаракати роҳ» аз литсейи №2-и хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе дар ҳайати 6 нафар бо дастаҳои Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, давлатҳои Украинаву Белоруссия ва 89 субъекти Федератсия Русия аз рӯйи 10 намуди шартҳои озмун бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.Тавре сардори «Нозирони навраси ҳаракати роҳ» аз литсейи №2-и хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Шукрона Сироҷиддинова иброз дошт, дар озмун 10-намуд шарте, ки иштирокчиён бояд иҷро менамуданд, ба монанди донандагони қоидаи ҳаракати роҳ; расонидани ёрии аввалин; озмуни чархи амонӣ дар ду давр, озмуни эҷодӣ ва дигар намуд шартҳои озмунро мо аъзоёни даста дар сатҳи баланд иҷро намудем. Ёдовар мешавем, ки чунин озмун тайи шаш сол аст, ки гузаронида шуда, соли 2012 дастаи «Нозирони навраси ҳаракати роҳ» аз литсейи мазкур ҷойи дуюмро дар шаҳри Влодивостоки Федератсияи Русия ва имсол бошад, ҷойи аввалро сазовор гардид.

Июнь 11, 2013 13:59

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд