Ғолибони «Ҷилои бахт-2013» муайян гардиданд
Душанбе,4 июн. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи физиологияи нормалӣ маҳфили фарҳангиву фароғатии «Ҷилои бахт-2013» баргузор гардид. Дар маҳфил 11 нафар донишҷӯ, ки аз байни 1500 нафар интихоб шудаанд, миёни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Дар озмуни мазкур Шаҳбоз Зулфалиев, донишҷӯи соли 2-юми гуруҳи 30-юми факултаи тиббӣ, Улуғбек Юлдошев, донишҷӯи соли дуюми гуруҳи 5-и факултаи дандонпизишкӣ ва Савриддини Сулаймон, донишҷӯи соли 2-юми гуруҳи 39 факултаи тиббии донишгоҳи мазкур ғолиб дониста шуданд.Ширкати «Вавилон-Т», ки сарпарасти асосии маҳфили «Ҷилои бахт-2013 ба ҳисоб мерафт,ба ғолибон туҳфаҳои WiMAX: модеми WiMAX ВМ652 (бо пайвастнамоӣ ба НТ «CyberMAX 2» бо пардохти ройгон ба муҳлати 2 моҳ, дастгоҳи телефонии CyberCard бо номинали 10 сомонӣ) тақдим намуд.. Ёдрас мешавем, ки гузаронидани маҳфили фарҳангиву фароғатии «Ҷилои бахт» аз соли 2007 инҷониб ҳамасола дар кафедраи физиологияи нормалии ДДТТ гузаронида мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






