Ғолибони ватанпараст муайян шуданд
Душанбе, 12 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ) .- Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташвиқи ғояҳои ватанпарастӣ ва густариши худшиносии ҷавонон озмуни барномаи беҳтарини телевизониву радиоӣ дар мавзӯи ватанпарастӣ доир гардид. Дар озмуни радиоии “Авҷи зуҳал”, ки тавассути радиои мустақими “Садои Душанбе” тӯли ним сол садо дод, 3 нафаре, ки давоми пахши барнома фаъолтарин иштирокчӣ буданд, ғолиб дониста шуданд. Аз ҷумла, Нурмуҳаммад Разоқов аз ноҳияи Бохтар сазовори ҷои аввал, Тӯтинисо Ятимова аз ноҳияи Балҷувон соҳиби ҷои дуввум ва Шодӣ Дустёров аз ноҳия Рӯдакӣ соҳиби ҷои саввум гардиданд. Ҳамчунин аз 10 барномаи кӯтоҳмуддати видеоии бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ба озмун пешниҳод гардида буд, шабакаи аввал ҷои якум, радиои Тоҷикистон ҷои дуввум ва “Ҷаҳоннамо” ҷои сеюмро сазовор шуданд. Ғолибони озмун имрӯз дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






