«Қасос»-и Ҷовид Муқим
Душанбе, 7 июн. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).- Чанде пеш китоби тозаэҷоди профессори Донишгохи миллии Точикистон Ҷовид Муқим таҳти унвони «Қасос» рӯйи чоп омад. Қиссаи «Қасос» китоби чоруми бадеии муаллиф буда, дар жанри детектив эҷод шудааст. Қаҳрамонони қиссаи мазкур Валиҷони милиса ва Нодири журналист ду дӯстанд, ки бюрои детективӣ ташкил карда, ҷиноятҳои ҳангомадорро ифшо мекунанд. Ҳодисаҳое, ки дар китоб нақл мешаванд, маҳсули тахайюли нависанда бошанд ҳам, дар зиндагии воқеӣ ба чашм мерасанд. Ҳамин аст, ки образи қаҳрамони китоб хеле табиӣ ва зинда рӯи қоғаз омада, таваҷҷуҳи хонандаро ба худ ҷалб мекунанд.Ёдовар мешавем, ки Ҷовид Муқим дар баробари фаъолияти журналистӣ ва илмию омӯзгорӣ ҳикояву қиссаҳо низ эҷод мекунад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






