Ҳайати расмии Академияи илмҳои Австрия ба Тоҷикистон меояд
Душанбе, 14 июн (АМИТ «Ховар»).- Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди САҲА, СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Вена Исматулло Насриддинов 12 июн бо Президенти Академияи илмҳои Австрия профессор Ҳелмут Денк мулоқот анҷом дод. Дар мулоқот дигар олимони ин кишвар низ иштирок доштанд. Зимни мулоқот И. Насриддинов таъкид кард, ки дар баробари густариши ҳамкориҳои сиёсӣ-иқтисодии ҳарду кишвар, инчунин рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои илм, фарҳанг ва маориф зарур аст. Самтҳои ҳамкориҳои зикргардида зимни мулоқоти сарони давлатҳо дар ҳошияи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Федералии Австрия Ҳайнст Фишер ба Тоҷикистон, ки моҳи марти соли равон сурат гирифта буд, хотиррасон гардиданд. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ташкили сафари ҳайати расмии Академияи илмҳои Австрия ба Тоҷикистон бо мақсади баргузории вохӯриҳо ва муайян намудани самтҳои ҳамкориҳои дуҷониба миёни академияҳои илмҳои ҳарду кишварро муҳокима карданд. Ҳамчунин мусоҳибон ба масоили ба имзорасонии ёддошт миёни академияҳои илмҳои Австрия ва Тоҷикистон, ки заминаи хубе барои густариши муносибатҳои минбаъда байни давраҳои илмӣ хоҳад буд, таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






