Ҳалокати 149 нафар ба асари садамаҳои нақлиётӣ
Душанбе, 10 июн. (АМИТ «Ховар», Музаффари Рустам). — Аз 3 то 9 июни соли ҷорӣ дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ 28 садамаи роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 6 нафар ба ҳалокат расида, 41 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Аз ҷумла, 6 июни соли равон соати 18:20 автомошинаи тамғаи «Опел-Астра» таҳти идораи ронанда Абдулло Нахутов ҳангоми ҳаракат аз уҳдаи идораи автомошина набаромада, ба автомошинаи тамғаи «Зил-431412», ронандааш Тоир Маҳмадқулов бар мехурад, ки дар натиҷа ронандаи автомошинаи тамғаи «Опел-Астра» ва ду нафар мусофиронаш-Рустам Алиев, Иброҳим Абдусаторов (ноболиғ) ба ҳалокат расида, мусофмрони дигари ҳамин автомошина — Лола Соҳибназарова, Ойгул Каримоваи ноболиғ, Азиз ва Маҳмад Дусматовҳо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардиданд. Аз шуъбаи ташвиқоту тарғиботи Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки аз аввли соли ҷорӣ то ба имрўз дар роҳҳои мошингарди ҷумҳўри 495 садамаи роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 149 нафар ба ҳалокат расида, 543 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






