Ҳамкории Маркази Савдои байналмилалӣ ва ПСС
Душанбе, 6 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид, ки дар Конфронси байналмилалӣ оид ба масоили суғурта ширкат дорад, 5 июн бо Директори генералии Ҷамъияти шакли кушодаи «Маркази савдои байналмилалӣ» Саломатов В.Ю. мулоқот анҷом дод. Тавре ки аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот перомуни самтҳои имконпазири ҳамкории дуҷониба ва пеш аз ҳама дар бораи фаъолияти «Маркази савдои байналмилалӣ» аз рӯи масоили Созмони умумиҷаҳонии тиҷорат табодули афкор намуданд.Дар ҳошияи мулоқот ҳамчунин масоили афзун намудани нерӯи аҳли тиҷорат ва имконоти истифодаи «Маркази савдои байналмилалӣ» аз рӯи масоили мубрами рушди соҳибкорӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






