Ҳамоиши муштараки Тоҷикистону Туркманистон
Душанбе, 11 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Интизор меравад, ки соли равон ду кишвари Осиёи Марказӣ- Тоҷикистону Туркманистон, ки дорои робитаҳои устувори мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратианд Рӯзи ҷаҳонии туризмро ба таври муштарак таҷлил менамоянд», гуфт дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Чинор Рустамова-Сафири Фавқулодда ва Мухтори Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дипломати туркман афзуд, ки дар доираи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии туризм, ки ҳамасола 27 сентябр гузаронида мешавад, дар минтақаи сайёҳии Ачмани Туркманистон симпозиуми муштараки Тоҷикистону Туркманистон марбут ба масоили сайру саёҳат ва осоишгоҳӣ баргузор мегардад. Интизор меравад, ки дар он намояндагони бахшу ниҳодҳои саёҳии ҳар ду кишвар масъалаҳои оид ба тақвияти ҳамкориҳоро дар самти туризм матраҳ хоҳанд кард.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






