Ҷаласа аз рӯи масоили амният

Июнь 17, 2013 13:42

Душанбе, 17 июн. (АМИТ «Ховар»). – Чанде пеш дар шаҳри Брюссел ҷаласаи якуми Муколамаи ҳайатҳои олимақоми Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ аз рӯи масоили амният баргузор гардид. Дар ҷаласа ҳайатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷӣ ва намояндагони корпусҳои дипломатии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Иттиҳоди Аврупо ширкат доштанд. Роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаласа муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидов ба ӯҳда дошт. Дар ҷаласа ҳайати Иттиҳоди Аврупо бо роҳбарии муовини Дабири кулли Хадамоти аврупоии фаъолияти хориҷии Иттиҳоди Аврупо Ҳелга Шмитд иштирок намуд. Иштирокдорони муколама аз рӯи чунин масоили асосӣ, аз қабили мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, терроризм, ифротталабӣ, ҷилавгирии хавфи маводи кимиёвӣ, биологӣ, радиоактивӣ ва ҳастаӣ дар минтақа, ҳамчунин масъалаҳои вазъи ҳозираи Афғонистон, Эрон ва Сурияро мавриди муҳокима қарор доданд. Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни суханрониаш зикр намуд, ки солҳои охир раванди устувори гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар пайваста бо шаклҳои мухталифи ҷинояткории трансмиллӣ, аз қабили терроризми байналмилалӣ, қочоқи аслиҳа, одамрабоӣ ва ғайра, мушоҳида мешавад. Роҳбари ҳайати Тоҷикистон ба ташкилкунандагони Муколама изҳори миннатдорӣ карда, зикр намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соли 2014 дар шаҳри Душанбе доир намудани ҷаласаи навбатии Муколама омода аст. Ин пешниҳодро ҳамаи иштирокдорони ҷаласа пазируфтанд.

Июнь 17, 2013 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд