Ҷаласаи ғайринавбатии ANOK
Душанбе, 17 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ) .- Рӯзҳои 15-16 июни соли равон дар шаҳри Лазанаи кишвари Шветсария ҷаласаи ғайринавбатии Ассотсиатсияи кумитаҳои олимпӣ бо ширкати намояндагони 201 кишвари ҷаҳон доир гардид. Ҷаласа таҳти раҳбарии Президенти Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ (ANOK) Шайх Аҳмад ал Фаҳад ал Сабаҳ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ-ноиби аввали Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Маликшо Неъматов ширкат намуд. Яке аз масоили асосии ҷаласа ин ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи Ассотсиатсия буд, ки иштирокдорон якдилона қабул намуданд. Ҳамзамон, кишварҳои талабгори Бозиҳои навбатии Олимпӣ соли 2020-Ҷопон, Испания ва Туркия муаррифии омодагии худро ба иштирокчиён пешниҳод намуданд. Дар рафти ин ҷаласа мулоқоти Маликшо Неъматов бо Шайх Аҳмад ал Фаҳад ал Сабаҳ, ки ҳамзамон Президенти Кумитаи миллии олимпии давлати Қувайт мебошад, баргузор гардид. Шайх Аҳмад ал Фаҳат ал Сабаҳ бо омодагӣ изҳор намуд, ки дар муддати кӯтоҳтарин шартномаи ҳамкорӣ миёни кумитаҳои олимпии Тоҷикистону Қувайтро ба имзо мерасонад ва дар доираи Шӯрои олимпии Осиё ва Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ ба кишвари Тоҷикистон барои рушди ҳаракати олимпӣ ва умуман варзиши Тоҷикистон ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






