Ҷамъбасти ҳафтаи кӯдакон дар Кӯлоб
Кӯлоб, 4 июн. (АМИТ «Ховар», Ф.Мадаминов). – Бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон барои ҳаёти солим ва ҷамъиятӣ, таъмини Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак ва бахшида ба рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон дар қаламрави шаҳру деҳоти Кӯлоб аз 24 то 31 маи соли ҷорӣ «Як ҳафтаи ҳаёти кӯдакон» гузаронида шуд.Чорабинии мазкур бо дастгирии ҳокимияти маҳалла, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ сурат гирифт. Ҳафтаи кӯдакон аз барномаҳои адабӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва озмунҳои «Расми беҳтарин», «Шеъру суруди беҳтарин», «Овозхони беҳтарин» иборат буд. Тӯли ҳафта наврасон маҳорати худро нишон доданд ва он 2 июн ҷамъбаст шуд. Ғолибони озмуни «Як ҳафтаи кӯдакон» бо туҳфаҳои хотиравии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ сарфароз гардиданд. Дар ин муддат ба маъюбон низ кӯмаки хайриявӣ расонида шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






