Ҷамъбасти натиҷаи озмуни тарроҳон
Қӯрғонтеппа, 20 июн. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). – Дар шаҳри Қӯрғонтеппа натиҷаи озмуни тарроҳон ҷамъбаст гардид. Тавре ки роҳбари маркази иттилооту таҳлил ва таҳсилоти «Матэма» Зафар Ализода ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, озмун дар ҳошияи лоиҳаи Пажӯҳишгоҳи «Ҷомеаи кушода» — Бунёди мадад ба Тоҷикистон роҳандозӣ шуд. Дар ҳошияи лоиҳаи мазкур 20 нафар иштирокдорони он курсҳои махсусро хатм карда, 14 нафарашон дар озмун иштирок намуданд. Аз рӯи натиҷаи озмун се нафар тарроҳҳони беҳтарин интихоб гардиданд.Дар озмун намояндагони маъмурияти вилояти Хатлон ва мутахассисони Пажӯҳишгоҳи технологияҳои компютерӣ, раёсати кор бо ҷавонон ва донишҷӯёни донишкадаҳои олӣ ширкат доштанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






