Ҷамъбасти натиҷаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ
Қӯрғонтеппа, 14 июн. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). – Дар машварати намояндагони маъмурияти вилояти Хатлон натиҷаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон тайи 5 моҳи соли равон ҷамъбаст гардид. Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов зимни суханрониаш зикр намуд, ки нишондодҳо аз рӯи ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти вилоят рушду густариш меёбанд. Мавсуф фаъолияти мақомоти андози ноҳияи Шаритусро интиқол намуда, гуфт, ки аз ҷумлаи 25 шаҳру ноҳияи вилоят нақшаҳои бахши андоз фақат дар ин ноҳия иҷро нашудаанд. Дар машварат ҳамчунин масоили таҳияи хӯроки чорво, ҷамъоварии ғалла хусусан дар минтақаҳои кӯҳсори вилоят, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, омодагии истироҳатгоҳҳои кӯдакон ва таъмири роҳҳои мошингард мавриди муҳокима қарор гирифтанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






