Афзоиши бақияи қарзҳо
Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар охири моҳи майи соли ҷорӣ аз рӯи маълумоти бонкӣ бақияи умумии қарзҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39,9 фоиз афзуд. Аз рӯи иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, агар ба таркиби бақияи қарзҳо дар панҷ моҳи гузашта назар андозем, он аз 64,1 фоиз (4’025,4 млн.сомонӣ) қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 35,9 фоиз (2’249,8 млн. сомонӣ) қарзҳои дарозмуддат иборат мебошад, ки суръати афзоиши он аз рушди умумии қарзҳо 24,2 фоиз зиёдтар мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ фоизҳои миёнавазни қарзҳо дар низоми бонкии кишвар бо пули миллӣ 24,58 фоизи солона ва бо асъори хориҷӣ 21,05 фоизи солонаро ташкил намуданд. Чун моҳҳои гузашта ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда бинобар баланд шудани талабот ба онҳо, раванди афзоиши худро идома дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 49,5 фоиз зиёд шуд. Гузашта аз ин, 375,6 млн.сомонӣ ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон қарзҳои хурд дода шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 46,1 фоиз зиёд аст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






