Бақияи амонатҳо 14,7 фоиз афзуд
Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Раванди устувор ва муътадили зиёд шудани пасандозҳои мардум дар бонкҳои ҷумҳурӣ давом дорад ва бақияи амонатҳо дар охири моҳи майи соли равон назар ба ҳамин давраи соли қаблӣ 14,7 фоиз афзуд. Мушоҳида ва омӯзиши таркиби нишондиҳандаи номбурда нишон доданд, ки 35,7 фоиз (1’807,4 млн. сомонӣ)-ро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 64,3 фоиз ё 3 МЛРД. 260,4 млн. сомонӣ амонатҳои шахсони воқеӣ ташкил намуданд. Аз рӯи иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, дар панҷ моҳи соли равон фоизи миёнавазни пасандозҳо бо пули миллӣ ба 15,38 фоиз ва бо асъори хориҷӣ ба 10,61 фоизи солона баробар шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






