Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:Муҳтарам Владимир Владимирович,Шумо ва дар симои Шумо мардуми дӯсти Россияро бо иди миллӣ – Рӯзи қабули Эъломия дар бораи Истқлолияти давлатии Федератсияи Россия аз самими қалб табрик менамоям. Тайи солҳои гузашта пас аз ин воқеаи муҳим дар таърихи муосир, Федератсияи Россия дар рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва таҳкими сохтори давлатдорӣ ба муваффақиятҳои калон ноил гардид. Тоҷикистон ва Русияро робитаҳои мустаҳками дӯстӣ ва ҳамкориҳои бисёрҷониба, ки бар принсипҳои шарикии стратегӣ асос ёфтаанд, бо ҳам мепайванданд. Мо ба сатҳи баланди ҳамгироӣ бо Федератсияи Россия арҷ мегузорем ва ба таҳкими якҷояи густариши минбаъдаи доираи робитаҳоямон, ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам дар заминаи ҳамкориҳои бисёрҷониба омодаем.Бовар дорам, ки ҷараёни баланди рушди муносибатҳои ду кишвар ҷавобгӯ ба манфиатҳои аслии халқҳоямон ва ҳам тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ аст. Муҳтарам Владимир Владимирович ба Шумо тани сиҳат ва дар корҳои пурмасъулияти давлатиатон муваффақият, инчнин ба тамоми шаҳрвандони Россия саодат ва шукуфоӣ таманно дорам».








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






