Барномаи нави Агентӣ ҷиҳати пешгирӣ аз нашъамандӣ
Душанбе, 24 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Бо мақсади пешгирии нашъамандӣ, нашъаҷаллобӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, роҳ надодан ба қонуншиканӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонону наврасон, ҳушдор намудани волидон дар тарбияи фарзанд ва дигар масоили вобаста бо ин мушкилӣ масъулини Агентии назорати маводи нашъадор дар ҳамбастагӣ бо шабакаи радиои «Тоҷикистон» барномаи наверо бо номи «Нури ақл» ташкил намуданд. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Агентии мазкур хабар доданд, ин барнома аз бахшҳои пешниҳоди маълумот оид ба зарари маводи гуногуни нашъаовар, суҳбат бо мутахасис, радиоролик, саволу ҷавоб бо шунавандагон ва мавзуъҳои тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ватанпарастӣ иборат аст. Бояд гуфт, ки барномаи мазкур дар як моҳ ду маротиба сабти нав ва ду маротиба такрор пахш хоҳад шуд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






