«Белимити ҳақиқӣ» аз «МегаФон»
Душанбе, 25 июн.(АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода).-Ширкати «МегаФон» нархномаи наверо ҷорӣ намуд, ки он имкони анҷоми зангҳоро дар дохили шабака ба тариқи комилан ройгон фароҳам меорад. Бо нархномаи «Белимити ҳақиқӣ» зангҳои нисбати муштариёни «МегаФон» анҷомёбанда ҳисоб нашуда, зангҳои содиротӣ ба телефонҳои доимӣ ва рақамҳои операторони дигар ҳамагӣ 10 дирамро барои як дақиқаи суҳбат ташкил медиҳанд. Пардохти абонентии нархнома ба 55 дирам дар як рӯз баробар аст. «Нархномаи нав дар ҳудуди тамоми Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад. Бинобар ин, муштариёни мо дар ҳудуди тамоми кишвар имкон доранд, ки ба ҳамдигар занг зада, дар баробари ин ягон дирамро сарф нанамоянд», — мегӯяд директори тиҷоратии ширкати «МегаФон- Тоҷикистон» Семёнов Д.Ю.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






