Бинои беш аз 300 китобхона таъмирталаб аст

Июнь 25, 2013 16:32

Душанбе, 24 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Бо мақсади иҷрои нишондоди Барномаи мустаҳкам намудани базаи моддӣ-техникии муассисаҳои китобдорию иттилоотӣ аз ҳисоби маблағҳои пешбинигардида дар маҷмӯъ 608 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, бинои 59 китобхона, аз ҷумла 7 китобхона дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, 8 китобхона дар вилояти Суғд, 16 китобхона дар вилояти Хатлон, 6 китобхона дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд». Ин матлабро Марҳабо Ҷабборова –раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон зимни баргузории муҳокимаи парлумонӣ, ки «Оид ба иҷрои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми маблағгузории Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» бахшида шуда буд, иброз дошт. Мавсуф зикр кард, ки татбиқи барномаҳои муҳими давлатӣ- «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» имкон дод, ки ҳаҷми фонди китобхонаҳои мамлакат рӯ ба афзоиш ниҳода, ниёзи хонандагон дар самти дастрасӣ ба дастовардҳои асри иттилоот ҳарчи бештар қонеъ гардонида шавад.Ҳадафи Барномаи мазкур, ки 10 соли фаъолияти соҳаи фарҳанги мамлакатро дар бар мегирад, тақвияти функсияҳои иттилоотӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва маърифатии китобхонаҳо, рушди минбаъдаи онҳо, таъмини дастрасии фонди китобхонаҳо ба ҳамаи табақаҳои ҷомеа, воридсозии технологияҳои нави иттилоотӣ, таҳкими заминаҳои моддию техникии китобхонаҳо, тарбияи кадрҳои соҳибихтисос мебошад. Зикр шуд, ки барои таъмини китобхонаҳои ҷумҳурӣ бо таҷҳизоти китобхонавӣ, аз ҷумла харидории ҷевонҳо, дастгоҳҳои нусхабардорӣ, аудиовизуалӣ, системаҳои шамолдиҳӣ ва чангкашӣ, рафҳои китобмонӣ, компютерҳо 423 ҳазору 240 сомонӣ ҷудо гардида, ба суратҳисоби шӯъбаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо ирсол гардиданд. Дар раванди татбиқи Барномаи мазкур бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон қомат афрохта, дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Турсунзода, Тоҷикобод, Балҷувон, Восеъ, Мастчоҳ биноҳои нави китобхонаҳо ба истифода дода шуданд. Агар то қабули Барнома шумораи китобхонаҳои бачагона 64 ададро ташкил диҳад, ин нишондод дар ҷараёни татбиқи он ба 72 адад расидааст. Марҳабо Чабборова таъкид кард, ки ҳолати имрӯзаи бинои бисёр китобхонаҳои мамлакат ба талабот ҷавобгӯ нест. Танҳо дар вилояти Суғд 116 китобхона, Хатлон 145 китобхона, дар ВМКБ 49 китобхона, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 109 китобхона таъмирталаб аст. Дар Суғд бинои 7 китобхона, дар Хатлон бинои 21 китобхона, дар ВМКБ бинои 27 китобхона, дар НТҶ бинои 33 китобхона дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Илова бар ин, дар вилояти Хатлон 92 китобхона, дар Суғд 59 китобхона, дар ВМКБ 39 китобхона, дар НТҶ 117 китобхона бинои мустақил надошта, дар биноҳои истиқоматӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо ҷойгир шудаанд. Барои ислоҳи чунин вазъият мақоми ваколатдори соҳа, Вазорати молия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд чораҳои фаврӣ ва муассир андешанд.

Июнь 25, 2013 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд