Боздиди Сарвари давлат аз қисми низомии 05170 дар Панҷакент
Душанбе, 17 июн. (АМИТ «Ховар»). -Зимни боздид аз қисми низомии 05170-и Вазорати мудофиаи кишвар дар шаҳри Панҷакент Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити барои афсарону сарбозон муҳайёгардида бевосита шинос шуда, ба вазъи омодагии касбӣ ва ҳарбии онҳо мароқ зоҳир намуд.Чунонки иттилоъ доданд, солҳои охир дар ин қисми низомӣ ба корҳои сохтмонию ободонӣ, омода намудани шароити будубоши афсарону сарбозон диққати зарурӣ дода шудааст. Ин аст, ки ҳоло қисми низомӣ дорои хобгоҳҳои муҷаҳҳаз, ошхона, ҳаммом, майдони машқ ва захираҳои зарурии маводи хӯрока мебошад.Барои дастгирии афсарону сарбозон, таъмини онҳо бо маводи хӯрока ва сабзавоти худӣ, ба ин қисми низомӣ, ҳамчунин 1,5 га замин барои ташкили хоҷагии ёрирасон ҷудо карда шудааст.Зимни суҳбат бо ҳайати шахсии қисми низомӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати софдилонаю садоқатмандона, баланд бардоштани омодагии ҷисмонию ҳарбӣ ва аз худ намудани нозукиҳои муҳофизат аз марзу буми Ватани азиз ҳидоят намуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






