Бунёди бинои 9 ошёна ба муаллимони литсейи президентӣ
Кӯлоб, 18 июн. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Дар шаҳри Кӯлоб бо сарпарастии дирексияи сохтмони асосии Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат сохтмони бинои литсейи президентӣ барои 640 хонанда идома дорад. Инчунин, дар ин мавзеъ бинои истиқоматӣ барои омӯзгорони ин литсей низ бунёд гашта истодааст, ки он аз 9 ошёна ва 36 ҳуҷра иборат хоҳад буд. Мавриди зикр аст, ки дар корҳои сохтмонии бино беш аз 60 нафар сохтмончӣ ҷалб гардида, музди миёнаи онҳо аз 800 то 1000 сомониро ташкил медиҳад. Гуфта мешавад бинои истиқоматии омӯзгорон то охири моҳи августи соли ҷорӣ ба истифода дода хоҳад шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






