Бунёди иншоот ва ободсозӣ дар Фархор
Кӯлоб, 14 июн. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Дар ноҳияи Фархор тӯли 5 моҳи соли ҷорӣ 12 иншооти хурду калон, аз ҷумла сохтмони синфхонаҳои иловагӣ барои 350 хонанда, маркази саломатӣ барои қабули 25 бемор дар як баст, корхонаи хурди шағалбарорӣ сохта ба истифода дода шуда, сохтмони дигар иншооти хизматрасонӣ идома дорад. Бино ба иттилои мудири шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи мазкур Саидобид Ҳафизов дар ин давра сохтмони нотамоми мактаби таҳсилоти умумии деҳаи Арча барои 1176 хонанда дар ҷамоати деҳоти Деҳқонариқ аз ҷониби Бонки рушди Олмон ба маблағи 3 миллиону 358 ҳазор сомонӣ, сохтмони 6 синфхона бо маблағгузории Бонки саудии рушд, инчунин бо маблағгузории Вазорати маорифи ҶТ сохтмони бинои дуошёна иборат аз 8 синф дар деҳаи Чоргули ҷамоати деҳоти «Зафар» дар арафаи анҷомёбӣ аст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






