Бунёди майдончаи варзишӣ дар шаҳраки донишҷӯён
Душанбе,12 июн. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Шурӯъ аз имрӯз, 12-уми июн корҳои сохтмонии майдони варзишӣ дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз гардид. Тавре сардори раёсати сохтмони ширкати «Алюминсохтмон» Ҷамшед Тошев иттилоъ дод, барои иҷрои ин тарҳ 530 ҳазор доллари америкоӣ ҷудо шудааст ва корҳои сохтмонии онро кормандони КФД «Алюминсохтмон» иҷро хоҳанд кард.Гуфта мешавад, сохтмони майдончаи варзишӣ дар шаҳраки донишҷӯён дар масоҳати 2,964 метри квадратӣ то моҳи сентябри соли ҷорӣ пурра ба итмом расида, мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Майдончаи варзишӣ аз майдони хурди футбол, баскетбол ва корти теннис иборат буда, барои беш аз ҳазор нафар пешбинӣ шудааст.Ёдрас мекунем, ки дирӯз, 11-уми июн дар маросими оғоз бахшидан ба корҳои сохтмонии майдончаи варзишии шаҳраки донишҷӯён ҳайати раёсати донишгоҳ ва намояндагони КФД «Алюминсохтмон», ки пудратчии ин тарҳ мебошад, иштирок доштанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






