Cӯзонидани як тонна маводи мухаддир дар Душанбе
Душанбе, 7 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 7 июн дар шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон як тонна маводи гуногуни мухаддир нобуд карда шуд. Тибқи иттилои маркази матбуоти ВКД маводи мухаддир дар тафдонҳои заводи «Текстилмаш» бо иштироки кормандони мақомоти хифзи ҳуқуқи мамлакат, прокуратура ва суд сӯзонида шуд. Дар маҷмуъ маводи мухаддире, ки аз рӯи 162 парвандаи ҷиноӣ нисбат ба 222 нафар роҳандозӣ шуда, ҳукми суд нисбат ба онҳо қувваи қонунӣ гирифта буд, нобуд карда шуд. Ба иттилои манбаъ, миқдори калони маводи мухаддири нобудшударо афюн (зиёда аз 130 кг), героин (104 кг), наздик ба 18 ҳазор ҳаби синтетикӣ ва дигар мавод ташкил дод.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






