Чаро муҳоҷиронро ихроҷ мекунанд?

Июнь 26, 2013 16:03

Душанбе, 26 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-26 июни соли ҷорӣ се нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар шаҳрҳои Москва ва Екатеринбурги Федератсияи Россия кору фаъолият менамуданд, бинобар сабаби вайрон намудани қонунҳои Федеролӣ аз қаламрави ин кишвар маҷбуран берун карда шуданд.  Ба иттилои корманди Хадамоти муҳоҷират дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Алишер Шамсиддинов шаҳрвандон — Каримҷон Ҳакимов, Умедҷон Латипов ва Исо Бобиев аз қаламрави Руоссия берун карда шуданд. Зимни суҳбат маълум гардид, ки ҳамаи онҳо қонунҳои Федератсияи Россияро дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ — иҷозаи кор, патент, бақайдгирӣ ва ғайраро вайрон намудаанд ва бо қарори суд маҷбуран берун карда шудаанд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти муҳоҷират хабар доданд.

Июнь 26, 2013 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд