Чорабинии идона барои кӯдакони мариз
Душанбе, 3 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон Фонди хайрияи «Лона» чун анъанаи чанд соли охир бо дастгирии як силсила ширкату корхонаҳо ва шахсони саховатпеша дар шуъбаи кӯдаконаи Маркази илмии ҷумҳуриявии саратоншиносӣ чорабинӣ доир намуд. Дар чорабинии мазкур ҳунармандони Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе ва сарояндагони шинохтаву маҳбуб бо саҳнаҳои ҷолиб ва суруду таронаҳои дилошӯб хотири ҳозиринро болида сохтанд. Ва дар анҷом ба ҳар нафар туҳфаҳои хотиравӣ, ширинӣ ва як миқдор маводи ғизоӣ тақдим карда шуд. Бояд зикр намуд, ки Фонди хайрияи «Лона», ки ҳадафи асосии он кӯмаку дастгирии кӯдакони гирифтори бемории саратон мебошад, соли 2009 таъсис ёфта, дар ин самт корҳои зиёдеро амалӣ намудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






