Дар Туркия намоишҳои зиддиҳукуматӣ идома доранд
Истамбул, 5 июн. (АМИТ «Ховар», Катерина Аксакова). – Назар ба хабари матбуоти Туркия, дар ҷараёни бетартибиҳо дар ин кишвар 2 нафар ҳалок гардида, беш аз 20 нафар захм бардоштаанд.Бар асари қарори ҳукуматдорон барои сохтани маркази нави савдо дар боғи маҳаллӣ бетартибиҳои оммавӣ дар кишвар чанд рӯз боз идома доранд. Ҳамзамон Сарвазири Туркия Тайиб Эрдоган сарфи назар аз вусъати бетартибиҳо дар кишвар, барои боздиди корӣ ба Африқои Шимолӣ сафар кард. Номбурда пеш аз сафар мардуми кишварро даъват намуд, ки сабру таҳаммул намуда, дар намоишҳои эътирозӣ, ки ба гуфтаи ӯ ин намоишҳоро ифротталабон ташкил намудаанд, иштирок накунанд. Тайи рӯзҳои охир дар ҷараёни бетартибиҳои оммавӣ беш аз 2 ҳазор нафар дастгир гардида, дар 67 музофоти Туркия беш аз 200 намоиши эътирозӣ баргузор шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






