Дари донишгоҳ барои довталабон боз аст
Душанбе, 4 июн. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ Рӯзи дарҳои кушода баргузор гардид, ки дар он омӯзгорон ва муҳассилини синфҳои 11-и макотиби миёнаи пойтахт ва навоҳии атроф ташриф оварданд. Бино ба иттилои котиби матбуотии донишгоҳ Бахтиёри Абдураҳим дар саҳни таълимгоҳ факултаҳо дастовардҳои худро, аз қабили китобу дастурҳои таълимӣ, ифтихорномаю ҷомҳо, варақаҳои муаррификунандаи кафедраҳо ба маърази намоиш гузоштанд. Донишгоҳ симои идона дошт ва меҳмонон дар сатҳи баланд пазироӣ гардиданд.Ректори таълимгоҳ Абдуҷаббор Раҳмонов аз таваҷҷуҳи хатмкунандагон ба ин даргоҳи маърифат изҳори хушнудӣ намуда, зикр кард, ки ДДОТ ба номи С.Айнӣ яке аз донишгоҳҳои бонуфуз буда, бо фарогирии тамоми соҳоти муҳими кишвар мутахассис омода мекунад ва кадрҳои он пешбарандаи ҷомеаянд. А.Раҳмонов аз шароиту имконоти тақвиятёфтаи таълимгоҳ барои касбомӯзӣ сухан гуфта, роҳ ёфтан ба ин маконро аз донишу маърифати баланди ҳар довталаб вобаста донист. Таъкид гардид, ки маҳз донишу маҳорати баланд барои довталабон имкон фароҳам меорад, ки аз имтиёзҳои доштаи донишгоҳ ба хубӣ истифода намоянд. Дар ин боргоҳи маърифат роҳ барои хатмкунандагони дорои медали тиллову ғолибони олимпиадаҳо фарох аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






