Дарси намояндагони Жандармерияи Фаронса
Душанбе, 18 июн. (АМИТ «Ховар»). – Дар шаҳри Душанбе ду семинари кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ба кори худ шурӯъ намуданд. Семинарҳо то 22 июн идома меёбанд. Назар ба хабари маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар, семинар дар мавзӯи «Мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар» — ро Раёсати ҳамкории байналмилалии пулиси назди Сафорати Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намудааст. Мақсад аз ин семинар мадад ба такмили ихтисоси кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар мебошад. Машғулият барои кормандони Агентӣ бо роҳбарии намояндаи Жандармерияи миллии Фаронса Ванесса Румигиэ сурат мегирад.Дар ҷараёни семинар 10 нафар кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар усулҳои тактикию фаврӣ дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаоварро омӯхта, масоили ҳамкории муштаракро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Намояндагони ҳайати Фаронса изҳор доштанд, ки гуфтушуниди фаъоли байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Фаронса ба ҳамкории минбаъда мусоидат хоҳад намуд. Муовини директори Агентӣ Бунафша Одинаева зимни суханрониаш аҳамияти роҳандозии чунин семинарҳоро барои самарабахшии мубориза бо маводи нашъаовар дар қитъа зикр намуда, изҳори умедворӣ намуд, ки ҳамкории ҷонибайн дар мубориза бо маводи нашъаовар минбаъд ҳам густариш меёбад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






