Дарёфти зиёда аз 123 кг ҳашиш аз Камаз

Июнь 5, 2013 15:24

Душанбе, 5 июн. (АМИТ «Ховар» Руқияи Боймамад).- Абдураҳими Умариён, сардори шуъбаи иттилооти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” иттилоъ дод, ки кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ 31-уми майи соли равон тавонистанд дар пайи як амалиёти бобарор ба миқдори махсусан калон, яъне 123 кг 439 грамм маводи мухаддирро аз нашъаҷаллобон боздошт намоянд. Дар натиҷаи ташхиси лабораторӣ маълум гардид, ки аз ин миқдор маводи мухаддир 101 кг 594 граммашро ҳашиши тар, 18 кг 878 г.-ро ҳашиши қоқ ва 2 кг 967 гр.-ро героин ташкил медиҳад. Ин миқдор маводи мухаддир, ки ба шаҳрванд А.Холов тааллуқ дошт, тавассути нақлиёти Камаз аз ВМКБ ба пойтахти кишвар интиқол дода шуд. А. Холов ният дошт, ки ин миқдор маводи мухаддирро то ба шаҳри Душанбе расонида, аз ин ҷо ба вилояти Суғд ва ҳамин тавр, ба хориҷ аз кишвар интиқол диҳад, аммо дар пайи воқеан фаврӣ ва моҳирона ташкил намудани амалиёти махсус аз ҷониби кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии мақомоти гумрук ин миқдор нашъадор боздошт гардид. Дар ҷараёни идомаи корҳои тафтишотӣ, дар робита ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ якҷоя бо кормандони Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе боз 41кг-и дигар маводи нашъадори ҳашиш дарёфт шуд.Хотиррасон мекунем, ки аз ибтидои соли равон то ин дам аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук 14 ҳолати қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ошкор гардида, дар ҳаҷми 168 кг 584 грамм моддаҳои нашъадор боздошт ва мусодира гардидаанд.

Июнь 5, 2013 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд