Душанбе таҷрибаи бузургшаҳрҳоро меомӯзад
Душанбе, 10 июн. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Шаҳрдории Душанбе таҷрибаи бузургшаҳрҳоро дар самти ободонию рушди меъморӣ ва сабзу хуррамсозӣ меомӯзад.Дар робита дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аз 11 то 23 июн як ҳайати бонуфузи шаҳри Душанбе бо мақсади омӯзиш ва истифодаи таҷрибаи ободонӣ, хуррамгардонӣ ва гулзоркунӣ ба шаҳрҳои Маскав, Краснодар, Сочи, ва Минск сафар менамоянд. Дар ҳайат Баҳром Юсупов- вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, раиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон, Қудратулло Файзуллоев — сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе, Абдусаттор Холов — сардори Сарраёсати кабудизоркунии пойтахт ва Гулбаҳор Давлатова — сардори шуъбаи шаҳрсозии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Шаҳрофар» шомил мебошанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






