«Эмомалӣ Раҳмон: Китобномаи шарҳиҳолӣ»

Июнь 6, 2013 16:00

Душанбе, 6 июн. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон китоби «Эмомалӣ Раҳмон: китобномаи шарҳиҳолӣ» рӯнамоӣ гардид. Китобномаи мазкур бо ҳадафи танзиму феҳристбандӣ ва мавриди омӯзишу тарғиб қарор додани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳия шудааст. Китобнома аз мақолаи муқаддимавӣ, 3 қисм ва 13 зерқисм иборат аст. Мақолаи муқаддимавӣ роҷеъ ба зиндагинома ва паҳлуҳои мухталифи фаъолияти сиёсӣ ва роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон маълумоти мушаххас медиҳад. Китобномаи мазкур маводи чопию электронии солҳои 1981-2012 нашршударо фаро гирифта, дар асоси захираи Китобхонаи миллии Тоҷикистон, веб-сайтҳои интернет ва китобномаҳои қаблан интишорёфта тартиб дода шудааст. Дар ҷамъомад директори Китобхонаи миллӣ Носирҷон Салимов, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мамадшо Илолов, ноиби президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Кароматулло Олимов, директори Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар Қурбон Авғонов, раиси Суди констутсионӣ Маҳкам Маҳмудов, вазири маориф Нуриддин Саидов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов, сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангию фароғатии Вазорати фарҳанг Сафар Шосаидов, раиси Иттифоқи нависандагон Меҳмон Бахтӣ ва дигарон сухан гуфта, нисбат ба китоби мазкур фикру мулоҳизаҳо ва пешниҳодҳои худро ироа намуданд. Дар ҷамъомад зикр шуд, ки китобномаи мазкур метавонад китоби рӯимизии ҳамагон бошад.Китоби «Эмомалӣ Раҳмон: Китобномаи шарҳиҳолӣ» дар нашрияи «Эр-граф» бо теъдоди 500 нусха ба чоп расидааст.

Июнь 6, 2013 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад