Энергияи атомӣ дар асри 21
Душанбе, 28 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ) .- 27 июни соли 2013 Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ дар шаҳри Санкт-Петербург дар конфронси байналмилалии «Энергияи атомӣ дар асри 21» баромад намуд.Мавсуф дар баромади худ қайд намуд, ки яке аз мавзуъҳои конфронс истифодаи самаранок ва осоиштаи энергияи атомӣ дар ҷаҳон хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Ҳамчунин дар баромад таваҷҷуҳ намудани кишварҳо ба масъалаи амнияти экологии ҷаҳони муосир, аз ҷумла минтақа ва дар ин робита зарур будани андешидани тадбирҳо, аз қабили таҳияи барномаҳои оптималии мониторинг, назорати доимии муҳити зист, фазо, обҳои рӯизаминӣ, зеризаминӣ, экосистемаҳо ва ғайра қайд карда шуд.Тибқи иттилои шуъбаи котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори итминон намуд, ки дар ҳамоҳангӣ амалӣ гардидани ҳамкориҳои кишварҳои иштирокчиёни конфронс барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба масъалаҳои энергияи атомӣ ва қарорҳои қабулшавандаи ин чорабинӣ баҳри истифодаи осоиштаи энергияи атомӣ дар ҷаҳони имрӯз мусоидат хоҳад кард.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






