Эрон барои чопи 400 000 адад китоб кӯмак хохад кард
Душанбе, 6 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Масъалаи чопи китобҳои алифбои ниёгон барои толибилмони макотиби таҳсилоти ҳамагонии Тоҷикистон зимни мулоқоти Нуриддин Саидов –вазири маорифи Тоҷикистон бо Алиасғар Яздонӣ-муовини вазири омӯзиш ва парвариши Эрон ва Алиасғари Шеърдӯст –сафири Эрон дар Тоҷикистон дар Душанбе матраҳ гашт. Дар мулоқот вазири маорифи Тоҷикистон-Нуриддин Саидов аз муовини вазири омӯзиш ва парвариши Эрон хостааст, то дар чопи 10 номгӯй китоби адабӣ бо теъдоди 400 ҳазор кӯмак намояд. Намояндаи вазорати омӯзиш ва парвариш Эрон изҳор доштааст, ки бо назардошти имконоту шароити мавҷуда дар кишвараш масъалаи мазкурро пайгирӣ менамояд. Назар ба иттилои Маҳмудхон Шоев- сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котиботи Вазорати маорифи кишвар, мусоҳибон ҳамзамон соири масоили марбут ба таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Эронро дар бахши маориф баррасӣ намуда, пешниҳодҳои ҷолиб ироа намуданд. Хусусан дар мавриди ба роҳ мондани давраи омӯзиш ва такмили ихтисоси омӯзгорони фанни алифбои ниёгон дар Эрон табодули назар карда шуд. Маҳмудхон Шоев мегӯяд, ки омӯзиши алифбои ниёгон дар низоми таълимии соҳаи маорифи Тоҷикистон ҳамчун фан ба роҳ монда шудааст. Фанни алифбои ниёгон ба толибилмони синфҳои 4, 5, 6 ва 7- и мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва донишҷӯёни факултаҳои филологии мактабҳои олии кишвар омӯзонида мешавад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






